Дараҷаи илмӣ муборак, устодон!

Бинанда: 1232 | Санаи нашр: 03 Апрел 2021

Ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо, соҳаи илму маорифи кишвар низ рушд ёфта, сафи олимону муҳаққиқон, бахусус аз ҳисоби ҷавонони болаёқат афзуда истодааст.

Боиси хурсандист, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ин тамоил рӯ ба афзоиш аст. Далели равшани ин гуфтаҳо дар мавзӯъҳои гуногуни муҳим бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаҳои номзадию доктории омӯзгорони донишгоҳ аст.

Аз ҷониби омӯзгори кафедраи менеҷмент Гулнора Ҳисориева бомуваффақият дифоъ намудани рисолаи илмӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи “Рушди иқтидори иқтисодӣ дар субъектҳои бозори хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии  донишгоҳ Лоиқ Ҳалимов муваффақона ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Такмили механизми нархгузории бонкӣ дар мисоли бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-004-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки 3-юми апрели соли 2021 баргузор гардиданд, сафи олимону муҳаққиқони донишгоҳро зиёд намуд.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ Гулнора Ҳисориева ва Лоиқ Ҳалимовро бо ин дастоварди илмиашон самимона шодбош гуфта, ба онҳо дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илм барору комёбӣ таманно доранд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top