Усулҳои таҳлили манбаъҳои илмӣ

Бинанда: 1170 | Санаи нашр: 02 Апрел 2021

1-уми апрели соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсия семинари илмӣ-амалӣ гузаронида шуд.

Дар семинар доктори илмҳои иқтисодӣ Заррина Қодирова дар мавзӯи “Усулҳои таҳлили манбаъҳои илмӣ дар рисола” дар ҳузури ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ ва унвонҷӯёну докторантони донишгоҳ баромад намуд.

Заррина Қодирова зимни суханронӣ доир ба усулҳои таҳлилу истифодаи мақсадноки манъбаҳои илмӣ, талабот, мушкилот ва тарзи навиштани рисола ва дигар масоили муҳимми мутааллиқ ба мавзӯъ ибрози андеша намуд ва ба суолҳои аҳли толор посух гуфт.

Силсиласеминарҳо дар оянда низ идома меёбанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top