Иқдоми навбатӣ

Бинанда: 1379 | Санаи нашр: 26 Март 2021

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар мувофиқа бо муассис – Иттифоқи Тоҷикматлубот дар асоси сиёсати маорифпарваронаю ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иқдоми муҳимми иҷтимоиро роҳандозӣ намуд, ки тибқи он 292 нафар донишҷӯи дар хобгоҳи донишгоҳ истиқоматкунанда, ки маблағи хобгоҳро барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020-2021, яъне  аз моҳи январ то моҳи июни соли 2021 насупоридаанд, аз пардохти маблағи хобгоҳ озод карда шуданд.  

Донишҷӯён ин иқдоми раёсати донишгоҳро як навъ ғамхорӣ ва дастгирии иҷтимоӣ дониста, арзи сипоси хешро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд ва иброз доштанд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намуда, соли ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовезҳои арзанда истиқбол мегиранд.  

  

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top