Шанбегӣ дар остонаи Наврӯз

Бинанда: 1292 | Санаи нашр: 13 Март 2021

Дар  Донишгоҳи  давлатии тиҷорати  Тоҷикистон дар остонаи фаро расидани ҷашни бостонии Наврӯзи байналмилалӣ  ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию сабзкорӣ рушду тавсеа ёфта истодаанд.

Дар ҳошияи чунин тадбирҳои муҳим 13-уми марти соли равон омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён шанбегӣ гузаронида, ҳудуди донишгоҳ, кӯчаи Деҳотӣ ва дигар қитъаҳои ба донишгоҳ вобасташударо рӯбучин ва тозаю озода гардонида, бехи дарахтон ва гулу гулбуттаҳоро нарм намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top