Семинар доир ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз рисолаи хатм

Бинанда: 1126 | Санаи нашр: 10 Март 2021

Рӯзи 10 – уми марти соли 2021 дар донишгоҳ семинар доир ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз рисолаи хатм баргузор гардид, ки дар он деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони таҷрибаомӯзии пеш аз рисолаи хатм ва хатмкунандагони тамоми ихтисосҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим С. Саидов оғоз намуда, дар бораи аҳамияти таҷрибаомӯзӣ ҳарф зад ва бо камоли эҳтиром суханро ба намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳроб Файзуллоев во гузошт.

М. Файзуллоев дар бораи таҷрибаомӯзӣ, ки омили муҳимми мутахассиси баландихтисос шудан аст, суханронӣ карда, татбиқи донишҳои назариявиро дар амал шарти асосии пешрафт ва роҳ ба сӯи муваффақиятҳои ин ё он шахс, алалхусус, хатмкунандагони макотиби олии кишвар маънидод намуд.

Сипас, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Б. Ҳусейнов дар бораи шарту шароитҳои таҷрибаомӯзии хатмкунандагон ва ҳамкориҳои донишгоҳ бо корхонаву ташкилотҳои гуногун ҳарф зада, қайд намуд, ки ДДТТ бо 48 муассисаву ташкилот шартнома ба имзо расонидааст.

Ӯ дар бораи тарзи гузаронидани  таҷрибаомӯзии пеш аз рисолаи хатм, ки аз 26 – уми март то 15 – уми майро дар бар мегирад, сухан гуфта, изҳори умед кард, ки хатмкунандагони донишгоҳ таҷрибаомӯзиро бомуваффақият мегузаронанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top