Вохӯрии судманд бо сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Бинанда: 1391 | Санаи нашр: 03 Март 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рӯзи 3-юми марти соли равон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Вохӯриро ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва бо камоли эҳтиром суханро ба Назарзода Шариф Раҳмон во гузошт.
 
Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки ба туфайли ташаббусҳои наҷиб ва ҷаҳду талошҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кишварамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пойтахти он – Душанбешаҳр рӯз то рӯз ободу зебо ва сатҳи зисту зиндагонии мардум баланд гардида истодааст, ки ин ҳама натиҷаи сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми шарифамон мебошад. Яъне тинҷиву амонӣ асоси рушду пешравии ҳар як давлату ҷомеа маҳсуб меёбад. Хушбахтона, дар раддабандии байналмилалӣ бори сеюм ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои амн дохил гардидани Тоҷикистон бозгӯи таъмини сулҳу субот ва ба ин васила ворид гардидани сайёҳони зиёди хориҷиву дохилӣ ба кишварамон мебошад.
 
Номбурда дар идомаи суханронӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон ва соҳибкасбу соҳибмаълумот гардидани онҳо, пешгирии ҳар гуна ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ изҳори андеша намуд.
 
Сипас байни иштирокдорон ва роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт мубодилаи афкор сурат гирифта, дар баробари саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ омӯзгорону донишҷӯён хоҳиши робитаи бештар доштани худро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот баён намуданд.
 
Баъдан аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Сипоснома тақдим карда шуд.
 
Дар хотимаи ҷамъомад ба як қатор омӯзгорону донишҷӯёни фаъол, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич дошта, дар самти пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд, Сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
 

Шуъбаи табъу нашр

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top