Он ки дӯст дорад ин ватан, ману туем!

Бинанда: 1330 | Санаи нашр: 22 Феврал 2021

Дар донишгоҳ ба муносибати 28-умин солгарди Артиши миллии кишварамон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов ҳозиринро бо солгарди Артиши миллӣ аз номи раёсати донишгоҳ самимона табрику муборакбод гуфта, дар бораи таъсиси Артиши миллӣ, саҳми беназири он дар барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Сипас, маърӯзаи муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Фирӯза Сангова таҳти унвони “Таърихи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол”, ки корнамоиҳои афсарону сарбозони далеру шуҷои ватанро дар бар мегирифт, манзури аҳли нишаст гардонида шуд.

Дар идомаи ҷамъомад фаъолон ва ғолибони чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва варзишӣ бо Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон, ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, ба ду нафар омӯзгори донишгоҳ Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва корхонаҳои хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Дар хотимаи ҷамъомад барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи донишҷӯёни факултети менеҷмет ва ҳуқуқи тиҷоратӣ, ки аз суруду таронаҳои ба васфи Ватан, Модар, ҷасорату матонати афсарону сарбозон бахшидашуда иборат буд, инчунин рақсҳои дилнишин, ки дер боз аз хотирҳо зудуда нахоҳанд гашт, пешкаши аҳли толор гардонида шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top