Намоиш ва фурӯши китоб дар донишгоҳ

Бинанда: 1421 | Санаи нашр: 20 Феврал 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ ва ғановатманд гардонидани маърифату маънавияти ҷавонон тадбирҳои муассиру судманд амалӣ карда мешавад.

Дар робита ба ин, рӯзҳои 19-ум ва 20-уми феврали соли 2021 намоиш ва фурӯши китобҳои гуногуни илмию бадеӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои китоб дар ҳамкорӣ бо донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд, ки дӯстдорони китоб аз он китобҳои ҷолибро дастрас намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top