Рӯзи дарҳои кушода

Бинанда: 1274 | Санаи нашр: 20 Феврал 2021

Яке аз тадбирҳои муҳимми ҷалби довталабони мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ, коллеҷу литсей ва гимназияҳо ба донишгоҳ, ин баргузор намудани “Рӯзи дарҳои кушода” мебошад, ки  ҳамасола дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.

Имсол ин чорабинӣ дар донишгоҳ рӯзи 20-уми феврали соли 2021 гузаронида шуд, ки дар он хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ фаъолона иштирок доштанд.

Баъди шиносоии довталабон бо заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳои ба талаботи стандартҳои байналмилалии муосир ҷавобгӯ, марказҳои тестӣ, китобхонаи электронӣ, намоиши китобҳо, дастовардҳои илмию тадқиқотӣ ва фарҳангию варзишӣ, дар толори асосии донишгоҳ бо роҳбарияти донишгоҳ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар хотимаи ҷамъомад барномаи фарҳангӣ манзури аҳли толор гардонида шуд. 

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top