Мизи мудаввар

Бинанда: 1097 | Санаи нашр: 19 Феврал 2021

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ санаи 19-уми феврали соли 2021 дар донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони “Зуроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқӣ” бо иштироки Муродова Дилбар – намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саломова Манзура – директори муассисаи давлатӣ, маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе, Абдураҳимзода Дилноза – намояндаи САҲШ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва омӯзгорону донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур баромадкунандагон оид ба сабабҳои пайдо шудани зуроварии фикронию ҷисмӣ дар оила, пароканда шудани оилаҳои ҷавон, нофаҳмиҳо дар миёни навхонадорон ибрози ақида намуда, онҳоро ба таҳаммулгароию якдигарфаҳмӣ, муҳаббат варзидан ба якдигар дар оила ва дурӣ ҷӯстан аз омилҳое, ки сабаби пароканда шудани оилаҳо мегарданд,  ҳозиринро роҳнамоӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи мазкур намояндагон ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатманд гардониданд.

Раёсати корҳои тарбиявӣ

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top