Паём – муаррифгари мақоми занон

Бинанда: 1331 | Санаи нашр: 12 Феврал 2021

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо занони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон санаи 12-уми феврали соли 2021 дар муассиса ҳамоиш таҳти унвони “Паём – муаррифгари мақоми занон” бо иштироки У. Абдуллозода – муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Яҳёева – муовини муҳаррири маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”-и Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯдухтарони донишгоҳ баргузор гардид.

Ҳамоишро муовини ректор оид ба тарбия Басгул Исупова оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва Паёми Пешвои миллатро дар боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва рушди минбаъдаи фаъолияти онҳоро дар шароити кунунӣ ба таври шоиста маънидод кард.

Нотиқон аз фаъолнокии занон ва ҳавасманд будани онҳо дар корҳои давлатдорӣ дар соли сипаригардида ёдовар шуда, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун дастури раҳнамунсоз дар рушди минбаъдаи фаъолияти бонувони кишвар маънидод намуданд.

Бахши кор бо занони ДДТТ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top