Вохӯрии ҳамоҳангсозон

Бинанда: 1196 | Санаи нашр: 09 Феврал 2021

9-уми феврали соли ҷорӣ дар доираи барномаи Эразмус+, MIETC (барномаи магистрӣ дар соҳаи манеҷменти соҳибкории саноатӣ барои кишварҳои иқтисодашон дар ҳолати гузариш) ҷаласаи навбатии ҳамоҳангсозони барнома  баргузор гардид.

Дар доираи ҷаласа шарикони лоиҳаи МИЕТС аз Испания, Туркманистон, Қазоқистон, Италия, Словения ва Тоҷикистон иштирок намуданд. Кишвари моро дар ҷаласа Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намояндагӣ карданд.

Дар вохӯрӣ доир ба натиҷаи вазифаҳои иҷрошуда ва мақсаду вазифаҳо барои оянда ибрози андеша карда шуд. Ҳамчунин, дар раванди вохӯрии маҷозӣ намояндагони донишгоҳҳои ба узвият пазируфташуда доир ба масоили мавриди назар ва роҳу воситаҳои ҳаллу фасли онҳо суханронӣ намуданд.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули кадемӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top