Ҷамъбасти даври якуми олимпиада

Бинанда: 1075 | Санаи нашр: 10 Феврал 2021

Дар факултетҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври якуми олимпиадаи донишҷӯён аз фанҳои дар донишгоҳ омӯзонидашаванда ҷамъбаст ва ғолибони он муайян карда шуданд.

Ба ин муносибат дар факултетҳои донишгоҳ ҷамъомад баргузор гардида, аз ҷониби садорати факултетҳо ба ғолибон ифтихорномаҳо тақдим карда шуд ва таъкид гардид, ки ғолибони олимпиада ба даври дуюми он омодагии ҳамаҷониба дида, кӯшиш намоянд, ки ҷойҳои намоёнро сазовор гарданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top