Омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паём

Бинанда: 1131 | Санаи нашр: 09 Феврал 2021

Рӯзи 9-уми феврали соли ҷорӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки директори Корхонаи воҳиди давлатии маркази миллии имконоти ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб Розиқов, муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Турсунзода Раҷабалӣ, роҳбари гурӯҳи “Авангард”-и ШВКД-1 ноҳияи Фирдавсӣ Беҳрӯз Сангов, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ, рушди касбият ва бозомӯзии кормандон Бойалӣ Ҳусейнов, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ доир ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва Паёми Пешвои миллатро дар рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дастури ҳидояткунанда маънидод кард.

Сипас, Бойалӣ Ҳусейнов доир ба ҷанбаҳои гуногуни Паём суханронӣ карда, аз саҳми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафт, ободию шукуфоии кишвар, дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон ва маъюбону камбизоатон ёдовар шуда, ҷавононро, ки қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд, ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ даъват намуд.

Дилошуб Розиқов дар суханронии худ қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар, бахусус мо ҷавонон маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад.

Раҷабалӣ Турсунзода ва Беҳрӯз Сангов низ доир ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, дастгирию ғамхориҳо нисбат ба ҷавонон, яъне сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари давлат, иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бахусус дар бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти кишварамон – Душанбешаҳр ва ободию зебогии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию ифротгаро, аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ ибрози андеша намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top