Паём – дастури раҳнамунсоз

Бинанда: 962 | Санаи нашр: 08 Феврал 2021

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ 8-уми феврали соли 2021 дар донишгоҳ таҳти унвони “Паём дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеа” бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид.

Гурӯҳи кории тарғиботию ташвиқотӣ, ки аз омӯзгорону кормандони соҳибтаҷриба мураттаб гардидааст, доир ба самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии рушди мамлакат, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бармеоянд, ибрози андеша намуданд.

Нотиқон аз муваффақиятҳои бадастовардаи давлат ва Ҳукумати кишвар дар соли сипаригардида ёдовар шуда, Паёми навбатиро ҳамчун дастури раҳнамунсоз дар рушди минбаъдаи кишварамон маънидод намуданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top