Шанбегӣ дар донишгоҳ

Бинанда: 1092 | Санаи нашр: 06 Феврал 2021
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи иқдоми «Шаҳри сабз»-и Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби кормандони донишгоҳ шанбегӣ гузаронида шуд.
 
Дар шанбегӣ гирду атрофи дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ҷӯйбору роҳравҳо ва ҳудуди донишгоҳ тозаю озода карда шуда, ҳамзамон ба миқдори 520 бех гули лола шинонида шуд.
 
 
 
Коллективи омӯзгорону кормандони донишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки корҳои ободониву хуррамгардониро ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома хоҳанд дод.
 
Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top