Шарҳу тавзеҳи Паёми Президент

Бинанда: 1016 | Санаи нашр: 03 Феврал 2021

Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ 3-юми феврали соли 2021 ҳамоиш доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 - уми январи соли равон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, гузаронида шуд.

Дар ҳамоиш мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода, мудири бахши фарҳанги ниҳоди мазкур Сироҷиддин Киромиддинзода ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

 

Ҳамоишро декани факултет, дотсент Абдукарим Қурбонов оғоз намуда, ба таври мухтасар аз хусуси мазмуну муҳтавои Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, онро дастури раҳнамунсоз ҷиҳати пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маънидод кард.

Сипас, Муҳаммадтолиб Шокирзода доир ба аҳамияти Паёми Пешвои миллат, бахусус, дастгирии ҷавонон дар тамоми соҳаҳо, таҳкими сулҳу суботи комил, баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ суханронӣ намуд.  

Сироҷиддин Киромиддинзода низ перомуни фарҳанги шаҳрнишинӣ ва истиқболи сазовори ҷашни 30 -  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Абдукарим Қурбонов ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмазмун изҳори сипос намуд.

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top