Нишасти матбуотӣ

Бинанда: 1221 | Санаи нашр: 04 Феврал 2021

4-уми феврали соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Минбари халқ”, “Народная газета”, “Халқ овозӣ”, “Омӯзгор”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Тоҷикистон”, маҷаллаи “илм ва ҳаёт”, шабакаҳои гуногуни радиоӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишасти матбуотиро ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҳусни оғоз бахшида, намояндагони васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 шинос намуд.

Ректори донишгоҳ аз ҷумла иброз дошт, ки бо қарори ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ аз 24-уми ноябри соли 2020, протоколи №4 Стратегияи рушди ДДТТ то соли 2030 тасдиқ шудааст, ки давраҳои миёнамуҳлати он то солҳои 2021-2025 ва 2026-2030-ро дарбар мегирад.

Ҳадафи асосии стратегии донишгоҳ ташаккули маркази таълимию илмӣ ва инноватсионии тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ватанӣ ва байналмилалӣ дар асоси рушди фаъолияти таълимию методӣ, илмию инноватсионӣ ва густариши робитаҳои байналмилалӣ мебошад.

Дастоварди дигари донишгоҳ ин аст, ки 9-уми декабри соли 2020 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мақоми ташкилоти заминавии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон дар соҳаи суғурта дода шудааст.

Маҳмадалӣ Раҳмат таваҷҷуҳи намояндагони васоити ахбори оммаро ба самтҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ ва Литсейи он, аз ҷумла заминаи моддӣ-техникӣ, иқтидори илмию омӯзгорӣ, ихтисосҳо, шумораи донишҷуёни хориҷӣ, натиҷаи сессияи донишҷӯён ва аттестатсияи хатм, чопи китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ-методӣ, такмили ихтисос ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, корҳои тарбиявӣ, фаъолияти илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, корҳои ободонию сабзкорӣ, фаъолият дар самти пешгирӣ ва паст кардани таъсири хавфи пандемияи коронавирус COVID-19 ҷалб намуда, аз хусуси дастоварду комёбиҳо дар самтҳои зикргардида ва вазифаҳои ҳайати илмию омӯзгории донишгоҳ барои соли 2021 ёдовар шуда, изҳори умед намуд, ки коллективи аҳлу тифоқи донишгоҳ Паёми Президенти кишварамон – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамонро бо дастовардҳои назарраас истиқбол мегиранд.

Сипас, Маҳмадалӣ Раҳмат ва дигар шахсони масъули сохторҳои донишгоҳ ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма, ҷавобҳои қаноатбахш гардониданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top