Сада сад раҳ кушояд сӯи Наврӯз

Бинанда: 1370 | Санаи нашр: 01 Феврал 2021

Ба шарофати истиқлолияти кишвар ва ҷаҳду талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои қадимаи ниёгонамон, аз ҷумла Сада, Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва дигар анъанаву суннатҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешаванд.

Таҷлили бошукӯҳи ҷашни Сада, ки бо ибтикори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми январи соли ҷорӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки кишоварзони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ, меҳмонони дохилию хориҷӣ ва сокинони пойтахти мамлакатамон – Душанбешаҳр баргузор гардид, бори дигар аз эҳтиром ва арҷгузории мардуми шарифи тоҷик ба ҷашнҳои қадимаи хеш чун Сада, ки таърихи 6 ҳазор сола дорад, башорат дод.

Сада ҷашни мулки номдор аст,

Зи Афредуну аз Ҷам ёдгор аст.

Ҷашни Сада ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва покӣ, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расидан аст.

Тавре  ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: «Ҷавҳари ҷашни Сада аз ҷанбаҳои инсонпарварона, дӯст доштани табиат ва расидан ба қадри обу замини диёр мебошад». Мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, кишоварзони  ҷумҳурӣ ин нуктаро хуб эҳсос карда, бо меҳнати ҳалолу зарбдорона дар фаровон гардонидани бозори истеъмолии халқ ва ба ин васила дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Намоиш ва фурӯши тамоми маҳсулоти кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, гулу гулбуттаҳо, навъҳои гуногуни тухмиҳои аълосифат, номгӯи зиёди техника ва ихтирооту дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ баёнгари гуфтаҳои болоанд.

Садои хуши карнаю сурнай, дафу чанг ва дигар асбобҳои мусиқии миллӣ, ки аз саҳар ба атроф танинандоз гардида, ба дилҳои иштирокчиён, аз ҷумла ҳайати омӯзгорону кормандони ДДТТ бо роҳбарии ректор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ки дар чорабинӣ иштироки фаъолона доштанд, шодию сурур бахшида, шаҳомати ҷашнро бештар мегардониданд.

Ҷолибияти ҷашни Садаи имсола дар он зуҳур мегардид, ки бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маърази тамошо номгӯи маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки хеле диққатҷалбкунанда буданд, гузошта шуда буд. Ба шарофати ин, меҳмонону сокинони пойтахт аз захираю имкониятҳои сайёҳии кишвари биҳиштосоямон огоҳӣ ва маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Хуллас, ҷашни Сада, ки чун Наврӯз ва Меҳргон муҳимтарин ҷашнҳои кишоварзии ниёгонамон буда, иди марди деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат мебошад, воқеан ҳам ба ҷашни ваҳдату ягонагӣ ва шодию нишоти мардум табдил ёфт. Инро бори дигар аз табъи болида ва чеҳраҳои хандони ҳар як иштирокчии ҷашн баръало мушоҳида карда мумкин буд.

Муовини сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар ҳайати комиссияи тадорукотӣ аз дастоварду маҳсулоти ба намоиш гузоштаи кишоварзон ва маҳсули дасти ҳунармандон дидан намуда, ба ҳунару заҳмати онҳо баҳои баланд дода, аз андози ягонаи замин озод намудани тамоми кишоварзонро барои соли 2021, ғамхории навбатии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, изҳори умед намуданд, ки кишоварзони мамлакат дар ҷавоб ба ин ғамхории Сарвари давлат боз ҳам пурмаҳсул заҳмат кашида, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Дар хотимаи ин ҷашни миллӣ ба беҳтарин кормандони соҳа аз номи Кумитаи тадорукоти ҷашн диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top