Паёми тақдирсоз

Бинанда: 1007 | Санаи нашр: 26 Январ 2021

Ҳайати профессорон, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон чун дигар шаҳрвандони кишвари азизамон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз тариқи шабакаҳои телевизионии мамлакат бо мароқи том тамошо карда, онро воқеан ҳам Паёми тақдирсоз ҷиҳати пешбурди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла мактабу маориф ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагонии мардуми шарифи кишвар донистанд.

Ба шарофати ироаи Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ҳайати илмию омӯзгорӣ ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Аз ҷумла Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: Ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як нуктаи бисёр муҳимро собит намуданд: дар байни наврасону ҷавонони мо истеъдодҳои нодир ба воя расида истодаанд, ки мо бояд онҳоро ҳамаҷониба дастгириву ҳавасманд гардонем.

Умедворам, ки дар озмуни навбатӣ истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.

Аҳли илму маърифати Донишгоҳи давлатиии тиҷорати Тоҷикистон  Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалии Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, тасмим гирифтанд, ки дар татбиқи амалии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат саъю талош намуда, дар пешрафт ва рушди соҳаи маориф, ки самти афзалиятнок эълон гардидааст, саҳми арзанда гузошта, мутахассисони баландихтисосро омода созанд ва ҷашни муқаддасу таърихии кишварамон 30-солагии истиқлолиятро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top