Семинари илмӣ – ҷумҳуриявӣ

Бинанда: 1069 | Санаи нашр: 22 Январ 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон 21-уми январи соли 2021 семинари илмии ҷумҳуриявӣ ба муносибати Рӯзи гумрукчиён дар мавзӯи “Нақши экспертизаи гумрукӣ дар таъмини бехатарии бозори истеъмолии  Тоҷикистон” баргузор гардид.

Нахуст семинарро муовини ректор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев оғоз намуда, гумрукчиёнро ба муносибати Рӯзи гумрук, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 22-юми январ ҷашн гирифта мешавад, табрику шодбош гуфт ва ба кори семинар муваффақият орзу кард.

Сипас сардори раёсати ташкили назорати гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Абдуқодирзода ва мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фирӯз Бобоев дар масъалаи омода намудани гумрукчиён, барасмиятдарории гумрукӣ, низоми равзанаи ягона ва дигар масоили муҳим суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, доир ба омода гардонидани кадрҳои соҳаи гумрук, таҳқиқоти илмӣ дар ин самт, экспертизаи гумрукӣ, бозомӯзии кадрҳо ва дигар масоили мубрами соҳа андешаҳои ҷолиб баён карда шуд.

Мудири кафедраи фаъолияти гумрукии факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев ва омӯзгори кафедра Суҳбатулло Ҳикматов доир ба масъалаҳои муҳимму мубрами соҳаи гумрук ибрози андеша карданд.

Дар фарҷоми семинар Фахриддин Самиев ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмазмуну судманд изҳори сипос намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top