Дар доираи лоиҳаи UniCEN

Бинанда: 1232 | Санаи нашр: 19 Январ 2021

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Донишгоҳи Небраскаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар доираи лоиҳаи UniCEN (Барномаи шарикии Донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва ШМА) ба роҳ мондааст.

Дар доираи лоиҳа 19-уми январи соли равон лексияи онлайнӣ аз ҷониби доктори донишгоҳи мазкур Ҷеймс Кларк дар мавзӯи “Ташкил намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз пандемияи COVID-19” барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии онлайнӣ доктор Ҷеймс Кларк доир ба оғоз намудани тиҷорат пас аз ба итмом расидани пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, проблемаҳои мавҷуда дар шароити ин бемории сироятӣ, роҳҳои барқарор намудани фондҳои иқтисодӣ, моделҳои имконпазир оид ба баланд бардоштани технологияи замонавӣ, таъсири омилҳои глобалӣ ба сармоягузорӣ дар соҳаи маориф, пайвасташавӣ ба шабакаҳои байналмилалӣ ва дигар масоили мубрам табодули афкор намуданд

Дар фарҷоми семинар аз ҷониби иштирокдорон ба Ҷеймс Кларк барои ҳамкории судманд изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид, ки дар оянда низ ҳамкориҳои муштарак байни ҷонибҳо боз ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.

Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top