Конференсияи ғайринавбатии ҳизбӣ

Бинанда: 1508 | Санаи нашр: 13 Январ 2021

13-уми январи соли ҷорӣ дар толори диссертатсионии донишгоҳ Конференсияи VI ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳимова Дилбар Ҳабибуллоевна, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ ва вакилон аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.

Нахуст, Маҳмадалӣ Қурбонзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, онҳоро ба аҳли толор шинос намуда, суханро ба Иброҳим Мирзозода во гузошт.

Иброҳим Мирзозода ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи он шинос кард ва ҳайати котиботи конференсияро интихоб намуданд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо ҷонибдории аъзои ҳизб Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” интихоб гардида, кори конференсияро идома бахшид.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия ҳисоботи муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” Фитрат Рустамов шунида шуд ва ҷонибдории аъзои ҳизб ҳисоботи ироагардида қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Сипас, Дилбар Ҳабибуллоевна зимни суханронӣ аз саҳми ҳизбиёни пойтахт дар иҷрои дастуру супо­ришҳои сохторҳои болоии ҳизб ва иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳо, ободонию хуррамгардонии пойтахт, беҳсозии зиндагии шаҳрвандон, кумаку дастгирии ниёзмандон суханронӣ карданд.

Мавсуф, инчунин зикр намуд, ки фаъолияти сохторҳои ҳизбии пойтахт, таҳти роҳбарии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе давоми соли сипаригардида густаришу муассиртар гардида, иқдому ташаббусҳо ва тадбирҳои анҷомдодаи он шоистаи дастгириву таҳсин мебошад.

Ҳамзамон, Мирзозода Иброҳим Холмурод доир ба марому мақсад ва ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳарф зада, иброз дошт, ки барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои бузургу созанда, ҳар як узви ҳизбро водор менамояд, ки ҷиҳати рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар ҷидду ҷаҳд намояд.

Дар ҷамъбаст бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Инчунин ба якчанд нафар узви фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Тоҷири Аҷам” ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе супорида шуда, ба якчанд нафари дигар, ки ба сафи ҳизб пазируфта шуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top