Ҳисоботи солонаи ректори донишгоҳ

Бинанда: 1814 | Санаи нашр: 09 Январ 2021

Имрӯз (09 январи соли 2021) дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳисоботи ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 шунида шуд.

Қурбонзода Маҳмадалӣ зимни суханронӣ доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани мутахассисони болаёқати дар бозори меҳнат рақобатпазир, гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, нигоҳ доштани мавқеи донишгоҳ дар байни панҷгонаи беҳтарини макотиби олии кишвар, истифодаи босамари технологияи иттилотию коммуникатсионӣ, нашри китобҳои дарсӣ, ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ, ташкил кардани озмуну тадбирҳои илмию фарҳангӣ, дастгирии моддию иҷтимоии маъюбону ятимони кул ва дигар масоили муҳимму мубрами мавриди назар ибрози андеша намуданд.

Ҳамчунин ректори донишгоҳ бо мақсади пайравиву дастгирӣ аз сиёсати иҷтимоии хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳаи илму маорифро самти афзалиятнок ҳисобида, пайваста барои баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа чораҳои муассир меандешанд, чунин пешниҳодҳо намуданд:

  • аз 01 январи соли 2021 андозаи музди меҳнати ҳамаи кормандони донишгоҳ 5 фоиз зиёд карда шавад;
  • аз 01 январи соли 2021 омӯзгорону кормандони донишгоҳ, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд аз пардохти маблағ барои истиқомат дар хобгоҳ озод карда шаванд.

Дар фарҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфта, изҳори умед карданд, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар соли 2021 комёбию дастовардҳояшонро афзунтар гардонида, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор истиқбол мегиранд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top