Барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ”

Бинанда: 1448 | Санаи нашр: 04 Январ 2021

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати донишгоҳ ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо кафедраи тарбияи ҷисмонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ” дар байни ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони донишгоҳ ва омӯзгорони литсейи ДДТТ мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои шоҳмот, тенниси рӯйи миз, волейбол ва футболи хурд оғоз гардиданд, ки аз 4-ум то 17-уми соли ҷорӣ идома хоҳанд ёфт.

Нимаи дуюми рӯзи 4-уми январ маросими кушодашавии мусобиқаҳо баргузор шуд, ки он бо сухани ифтитоҳии иҷрокунандаи вазифаи муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Қ. Толибов оғоз ёфт.

Қобил Қосимович доир намудани чунин мусобиқаҳоро ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти двалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ҷашну арзишҳои миллӣ, балки рушди соҳаи варзиш ва солимии ҷомеа маънидод карда, ба варзишгарон барору комёбӣ таманно намуд.

Сипас, зери садои хуши Суруди миллӣ сардорони дастаҳо Парчами ҷумҳуриро, ки аз оғоз то анҷоми мусобиқаҳо парафшонӣ хоҳад кард, баланд бардоштанд.

Тавре раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ Обид Валиев иброз дошт, ғолибони мусобиқа бо Ҷоми кумита, ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top