Тадбири муҳимми иҷтимоӣ

Бинанда: 1161 | Санаи нашр: 30 Декабр 2020

30-юми декабри соли 2020 бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат вобаста ба ҷамъбасти соли 2020 ба ҳамаи омӯзгорон ва кормандони асосии донишгоҳ аз ҳисоби сарфаи маблағҳои махсус ба андозаи 350 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Ин иқдоми инсондӯстонаи роҳбари донишгоҳ дар арафаи соли нави мелодии 2021 нишонаи дастгирию ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки соҳаи илму маорифро самти афзалиятноку стратегӣ ҳисобида, барои баланд бардоштани нуфузу эътибори олимону омӯзгорон дар ҷомеа пайваста чораҳои муассир меандешанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top