Иқдоми хайрхоҳона

Бинанда: 1178 | Санаи нашр: 29 Декабр 2020

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати инсондӯстона ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ тадбирҳои муҳимми иҷтимоиро амалӣ менамояд.

29-уми декабри соли 2020 бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар арафаи Соли нави мелодии 2021 ба як гурӯҳ хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии бачагони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор туҳфаҳои солинавӣ, либос ва пойафзоли зимистонӣ тақдим гардид.

Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тӯли солҳои зиёд масъулияти иҷтимоии худро оид ба расонидани кумаки моддӣ ба мактаб-интернати зикршуда дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ амалӣ менамояд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top