Семинари онлайнӣ

Бинанда: 1492 | Санаи нашр: 29 Декабр 2020

29-уми декабри соли 2020 семинари онлайнӣ дар мавзӯи «Микрокредитҳо: моҳият, зарурат, бартарии микробарномаҳо барои корфармоён ва донишҷӯён» бо иштироки якчанд муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози Дафтари миллии Erasmus+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Мақасади асосии семинар аз шиносоӣ бо мафҳуми микрокредитҳо: моҳият, муҳиммият ва бартариҳои он, истифодаи микрокредитҳо дар  таҷрибаи шарикони аврупоӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарк кардани бартариҳои имконпазири микробарномаҳо барои корфармоён ва донишҷӯён ва мушкилоти марбут ба низоми таҳсилоти фосилавӣ иборат буд.

Дар семинар аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо дар мавзӯҳои “Микрокредитҳо дар таҳсилот: моҳият, муҳиммият ва бартариҳои роҳандозӣ дар низоми таҳсилоти олӣ”, “Мисоли курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ҳамчун микрокредитҳои имконпазир”, “Низоми таҳсилоти фосилавӣ: мушкилоти татбиқ ва роҳҳои ҳал” ва “Нақши озмоишгоҳҳои маҷозӣ дар ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯён дар мисоли фанни "Иртиботи иттилоотӣ ва шабакаҳои компютерӣ” пешниҳод гардид.

Дар фарҷоми семинар ҳайати раёсати ҳамкориҳои байналмиалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ доир ба дигар ҷанбаҳои ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ,

татбиқи лоиҳаҳо ва табодули акдемӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top