Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ

Бинанда: 1516 | Санаи нашр: 25 Декабр 2020

25-уми декабри соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ ҷаласаи Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ гузаронида шуд.

Ҷаласаро раиси Шӯро Саодат Нуралихонзода ифтитоҳ намуда,  рӯзномаи  Шӯроро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Заррина Қодирова дар бораи мақому манзалати зан дар ҷомеа сухан гуфта, зикр намуданд, ки имрӯз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар нисбат ба занон зиёд аст. Ҳоло дар донишгоҳ шумораи занони унвондор ва роҳбар афзуда истодааст ва занону донишҷӯдухтарон бояд маърифату фарҳанги сиёсии худро баланд бардоранд, дониш андӯзанд ва ба либоси миллӣ арҷ гузоранд.

Дар идомаи ҳамоиш Саодат Нуралихонзода доир ба мазмуну муҳтавои Низомнома ва Нақшаи кории Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарон ибрози андеша намуданд.

Дар ҷаласа раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони факултети МИБ ва ҳуқуқ  Назира Азизова, намояндаи масъули хобгоҳи донишҷӯдухтарон Мунаввара Бобоева ва сардори Раёсати кадрҳо ва ҳуҷҷатнигорӣ Мумтоз Назирӣ низ доир ба масоили муҳимму мубрами ин қишри фаъоли ҷомеа сухан гуфтанд.

Дар фарҷоми ҳамоиш С. Нуралихонзода доир ба ташкил ва гузаронидани озмунҳои гуногун дар байни занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ ва дигар масоили мавриди назар суханронӣ намуданд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top