Масъулияти баланди омӯзгори ҷавон

Бинанда: 1135 | Санаи нашр: 02 Декабр 2020

Дар донишгоҳ ба масъалаи омода намудани омӯзгорони ҷавону болаёқат ва кадрҳои баландтахассуси миллӣ  таваҷҷуҳи афзун зоҳир менамоянд.

Дар робита ба ин, яке аз кадрҳои ҷавону лаёқатманди донишгоҳ, номзади илми иқтисодӣ Лоиқшоҳ Бӯриев 2-юми декабри соли 2020 дар курси 3-юми ду гурӯҳи хадамоти гумрукӣ дарси кушод дар мавзӯи “Тартиби гузаронидани назорат дар сарҳад аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва муайян намудани қоидавайронкунии гумрукӣ” гузаронид, ки дар он узви гурӯҳи экспертии сифати таҳсилот, доктори илмҳои ҳуқуқ Умрилло Меликов иштирок намуд.

Омӯзгор ва олими ҷавон Лоиқшоҳ Бӯриев дарси кушодро бо омодагию масъулияти баланд, корбурди босамари технологияи нав, аёниятҳои техникии гумрукӣ ва тарзу усули пешқадами таълимӣ баргузор намуда, мақсаду моҳияти мавзӯи мавриди назарро ба донишҷӯён шарҳу эзоҳ дод ва ба суолҳои онҳо посух гуфт.

Сипас, доктори илми ҳуқуқ Умрилло Меликов ва дигар масъулон дарси кушоди Лоиқшоҳ Бӯриевро таҳлилу баррасӣ карда, ба ӯ барои дар сатҳи хуб гузаронидани дарси кушод ташаккур гуфтанд ва маслиҳати судманд доданд.

Кафедраи фаъолияти гумрукӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top