-->

Дастгирии соҳибкорони ватанӣ

28 Ноябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқи донишгоҳ 28-уми ноябри соли 2020 семинари илмӣ-назарявӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки дар он декани факултет, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Салимов Назаралӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Семинарро Назаралӣ Салимов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, доир ба илму маърифат, такмил додани илми омӯзгорони ҷавону донишҷӯён, ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ ва гузаронидани семинарҳои илмӣ сухан гуфт.

Дар идомаи ҳамоиш муаллими калони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Ҷовидон Сафаров дар мавзӯи «Фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоти рушди он» ва муаллими калони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ Сиёвуш Наботов дар мавзӯи «Дастгирии давлатии соҳибкории инфиродӣ дар шароити пандемияи COVID-19» суханронӣ карданд.

Дар фарҷоми семинар Назаралӣ Салимов ба созмондеҳони тадбири муҳимми илмӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки гузаронидани чунин ҳамоишҳои илмӣ ба афзун гардидани донишу маърифати омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён мусоидат менамояд.

Факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top