Перомуни масоили муҳим ва мубрам

Бинанда: 979 | Санаи нашр: 20 Ноябр 2020

Рӯзҳои  19-ум ва 20- уми ноябри соли 2020 оналйн-семинар оид ба таъсири лоиҳаи CBHE (Capacity Building in the Field of Higher Education), яъне такмили иқтидор дар тасҳилоти олии касбӣ (минбаъд CBHE)  ва таъсири он дар низоми таҳсилоти олии донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа зиёда аз 300 нафар иштирокчӣ  аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ва коршиносони Дафтари агентии иҷроияи маориф, аудиовизуалӣ ва фарҳанг (EACEA) аз шаҳри Брюссел (Белгия) ширкат варзиданд.

Рӯзи якуми ҷаласа роҳбари бахши Эразмус + дар Брюссел  профессор Анила Трошани дар мавзӯи “Таъсири CBHE дар муссисаҳои таҳсилоти олии касбии  Осиёи Марказӣ” ва директори генералии ҳамкорӣ ва рушд барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон профессор Николас Тейлор дар мавзӯи “Ҳамкориҳои минтақавӣ дар муссисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ” маърӯза пешниҳод намуданд. Ҷаласаи мазкур аз 5 гурӯҳи параллелии семинар иборат буда, дар семинари якум оид ба нақши CBHE дар  дастргирӣ намудани раванди байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ сухан рафт. Дар семинари дуюм ба нақши CBHE  дар низоми таҳсилоти олӣ дар сатҳи миллӣ ва  минтақавӣ тавҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар семинари сеюм доир ба нақши CBHE, табодлуи донишҷӯён  оид ба дастгирии навоварӣ, ислоҳоти барномаи таълимӣ ва раванди низоми Болония дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ муҳокима гардид. Дар семинари чоруми иштирокунандагон оид ба нақшиCBHE ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳо дар сатҳи минтақавӣ, хусусан, дар муссисаҳои таҳсилоти олии Осиёи Марказӣ суханронӣ намуданд.

Рӯзи дуюми семинарро корманди Хадамоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, Директори  генералии ҳамкорӣ, профессор Адриан Веале оғоз намуда, доир ба ҳамкории минтақавии Иттиҳоди Аврупо ва маблағгузорӣ дар соҳаи маориф аз ҷониби барномаи Эразмус+ ибрози андеша намуд. Сипас,  профессор Тошани Трошани андешаи худро доир ба  мушкилот ва стратегияи мубориза дар идоракунӣ ва татбиқи лоиҳа дар давраи пандемияи COVID-19 иброз намуд.

Дар доираи вохӯри муовини ректор оид ба илм ва ҳамкориҳои  байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон д.и.иқт., дотсент Зарина Қодирова маърузаи худро дар мавзӯи “Таъсир ва арзёбии барномаи Эразмус + CBHE дар асоси таҷрибаҳои TuCAHEA” пешниҳод намуд. Пас аз он, сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ Мубин Абдувалиев дар мавзӯи “Нақши лоиҳаи аврупоии PAWER оид ба роҳ мондани мубодилаи байниминтақавӣ ва таъмини аҳамиятнокӣ, сифат ва дастрасии баробар ба таҳсил” суханронӣ кард.

Дар фарҷоми семинар иштирокчиён доир ба масоили мавриди назар фикур мулоҳизаи худро баён намуданд.  

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top