-->

Дар мавзӯи рӯз

21 Ноябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

20-уми ноябри соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод карда шуд.

Дар давраи фаъолияти роҳбарии доктори илми иқтисодӣ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи байналмилалӣ соҳиби мақому дараҷаи баланд гардид.

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён хидмати арзандаи Ҳамидуллохон Фақеровро, ки барои рушду ободонии донишгоҳ кардааст, қадр менамоянд ва ба ӯ дар фаъолияти минбаъдаи илмию давлатиаш барору комёбӣ орзу мекунанд.

20-уми ноябри соли 2020 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳайати илмӣ – омӯзгорӣ, кормандон ва донишҷӯёни ДДТТ Маҳмадалӣ Қурбонзодаро ба муносибати ректори донишгоҳ таъйин гардиданаш самимона табрику шодбош гуфта, ба ӯ дар фаъолияти роҳбариаш барору комёбӣ орзу менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top