-->

Дар меҳвари фаъолият

18 Ноябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

18-уми ноябри соли 2020 дар толори конфронсии донишгоҳ муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Толибов Қ.Қ. бо кормандони тарбия ва рушди иҷтимоӣ ҷаласаи корӣ гузаронид.

Қобилҷон Толибов ҷаласаро оғоз намуда, мудирони навтаъйини шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон ва шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсиятро ба ҳозирин шинос кард. Дар ҷаласа масоили зерин таҳлилу баррасӣ гардиданд:

  • Дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ ва ҷашнҳои дарпешистода;
  • Бо мақсади бедор намудани ҳисси худшиносию меҳанпарастии донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ташкил намудани сайру сайёҳат ба ҷойҳои фарҳангию маънавӣ ва таърихии кишвар;
  • Доир намудани нишасту вохӯриҳо бо намояндагони касбу кори гуногун аз қабили шоирон, нависандагон ва ғайра;
  • Омода намудани низомномаҳои “Сарпарасти беҳтарини сол”, “Гурӯҳи беҳтарини сол”, “Донишҷӯи беҳтарини сол”, “Синфхонаи беҳтарини сол”, “Ҳуҷраи беҳтарин дар хобгоҳ” ва ташкили Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар донишгоҳ;
  • Пурзӯр намудани назорати давомот ва риояи сару либос дар байни кормандон ва донишҷуён;
  • Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор намудани шанбегиҳо дар хобгоҳи донишҷӯён, саҳни донишгоҳ ва берун аз он.

Кормандони раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ иброз доштанд, ки баҳри иҷрои босифату саривақтии масоили баёншуда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Дар фарҷоми ҷаласа Қобилҷон Толибов таъкид намуданд, ки инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, ободкорӣ, рушди маҳорату малака ва касбияти донишҷуён бояд дар меҳвари фаъолияти воҳидҳои сохтории донишгоҳ қарор дошта бошад.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top