Семинари илмӣ-амалӣ

Бинанда: 1000 | Санаи нашр: 19 Ноябр 2020

19-уми ноябри соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ аз ҷониби шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Талаботи умумӣ ба сохтору мундариҷаи диссертатсия ва автореферати он» гузаронида шуд, ки дар он муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифати таълим, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов, сардори раёсати илм ва инноватсия, доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К. ва унвонҷӯёну омӯзгорон иштирок намуданд.

Семинарро Раҷаб Раҷабов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, доир ба масоили мавриди назар ибрози андеша кард ва суханро ба Фарҳод Шаропов вогузор намуд.

Мавсуф дар доираи мавзӯи матраҳшуда перомуни мавзӯъ ҳамчун самт, мушкилоти таҳқиқ, ҳадаф, ғоя ва ё консепсияи илмӣ, навоварии илмӣ, рисолаҳои илми барои ҳимоя пешниҳодшуда ва арзиши амалии натиҷаи таҳқиқот суханронӣ намуда, ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфт.

Силсилаи семинарҳои илмӣ-амалӣ доир ба масоили муҳимму мубрами илмӣ-таҳқиқотӣ минбаъд низ идома меёбад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top