Мусобиқа аз рӯи футболи хурд

Бинанда: 1088 | Санаи нашр: 17 Ноябр 2020

Аз 10-ум то 17-уми ноябри соли 2020 дар факултети тиҷорат ва гумрук бо саъю кӯшиши садорат ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ба муносибати Рӯзи Президент ва Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ  аз рӯи футболи хурд  дар байни донишҷӯён гузаронида шуд.

Натиҷаи ҷамъбасти мусобиқа аз рӯи футболи хурд чунин аст:

Ҷойи 1-ум, дастаи  960101 А - хадамоти гумрукӣ

Ҷойи 2-юм, дастаи 26020305 Б - маркетинг

Ҷойи 3-юм, дастаи 960101 Б - хадамоти гумрукӣ

Садорати факултети тиҷорат ва гумрук  пирӯзмандони мусобиқаи варзиширо бо ҷом, диплом, ифтихорнома ва нишон (медал) сарфароз гардонид.

Факултети тиҷорат ва гумрук

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top