Иқдоми муҳимми иҷтимоӣ

Бинанда: 1104 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2020

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси сиёсати муваффақона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар кишвар мусоидат менамояд, ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани зиндагию рӯзгори омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён таваҷҷуҳи афзун зоҳир намуда, дар ин ҷода тадбирҳои иҷтимоиро амалӣ мекунанд.

Чанде пеш бо ибтикори инсондӯстонаи ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров дар остонаи таҷлили 26-солагии Конститутсия ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ба кулли омӯзгорону кормандон расонидани ёрии якдафъаинаи моддию иҷтимоӣ ба миқдори 700 сомонӣ, ба оилаҳои омӯзгорону кормандоне, ки соли равон гузашта шуданд, 600 сомонӣ ва ба 17 нафар собиқ омӯзгору корманди донишгоҳ, ки нафақахӯр мебошанд, ёрии якдафъаина ба миқдори 300 сомонӣ амалӣ карда шуд.

16-уми ноябри соли 2020 бо иқдоми муҳимми иҷтимоии роҳбари донишгоҳ Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 28-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни ниёзманд: 15 нафар аз факултети молия ва фаъолияти бонкӣ, 12 нафар аз факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ, 11 нафар аз факултети тиҷорат ва гумрук, 11 нафар аз факултети иқтисодиёт ва менеҷмент ёрии якдафъаинаи моддӣ ба миқдори 150 сомонӣ (ба ҳар кадом) расонида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top