Ба ифтихори Рӯзи Президент

Бинанда: 1201 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2020

16-уми ноябри соли 2020 дар толори конфронсии донишгоҳ бо риояи масофаи иҷтимоӣ мизи мудаввар ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии кишвар дар мавзӯи “Президенти мо – Пешвои мо” гузаронида шуд.

Мизи мудавварро доктори или иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов оғоз намуда, ба таври мухтасар дар бораи Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, аз саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, таъмини сулҳу амният ва баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ёдовар шуд.

Сипас, Бойалӣ Ҳусейнов, мудири шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва робита бо хатмкардагон дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақдири миллат”, Саъдӣ Додарбеков, ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар мавзӯи “Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ҳамчун санади муҳим”, Комрон Нозимов, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250108 дар мавзӯи “Президенти мо – Пешвои мо” маърӯзаҳои пурмазмун карда, саҳми бузурги Пешвои миллатро дар таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътирофгардида баён намуданд.

Дар идомаи ҷамъомад Фарида Алимардонова, мутахассиси шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият Муроҷиатномаи ҷавонони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд.

Унвонҷӯи донишгоҳ, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Аслам Гудоз “Маҳбуби халқ” ном шеъри ба васфи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшидаашро қироат намуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Дар хотимаи мизи мудаввар ба як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштирок карда, натиҷаҳои хубро ба даст оварданд, сипоснома, ифтихорнома ва ба дастаи футболи донишгоҳ, ки таҳти роҳбарии мураббии варзиш Рустам Минмаматов дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии шаҳри Душанбе ҷойи якумро соҳиб гардид, диплом ва ҷом супорида шуд.

Ҳамчунин, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёни ниёзманд ба миқдори 150 сомонӣ (ба ҳар кадом), ёрии моддӣ расонида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top