Аксия дар назди бозор

Бинанда: 1110 | Санаи нашр: 02 Ноябр 2020

2-юми ноябри соли 2020 мутахассисони шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият, кор бо ҷавонон ва занон ва як гурӯҳ донишҷӯён – ризокорони донишгоҳ дар доираи аксия корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни шаҳрвандон доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, бемории КОВИД - 19 ва андешидани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар назди бозори Султони Кабири ноҳияи Фирдавсӣ гузарониданд.

Онҳо ба шаҳрвандон ниқоб ва маводди антисептикӣ тақсим намуда, перомуни бастани ниқоби тиббӣ, иҷрои низоми санитарию гигиенӣ, эпидемиологӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ибрози андеша карданд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top