Бист соли пули миллӣ

Бинанда: 1382 | Санаи нашр: 29 Октябр 2020

Бо ташаббуси Пешвои миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми октябри соли 2000-ум пули миллии сомонӣ ба муомилот бароварда шуда буд.

29-уми октябри соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо саъю кӯшиши кафедраи фаъолияти бонкӣ семинари илмӣ – машваратӣ ба муносибати 20 – солагии пули миллӣ дар мавзӯи “Пули миллии сомонӣ ҳамчун рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд.

Ҳамоишро мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ, номзади илми иқтисодӣ, дотсент Фариза Қурбонзода бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, аҳли нишастро бо рӯзномаи семинар шинос кард.

Сипас, муаллими калон Олими Зайниддинзода дар мавзӯи “Таҳаввуллоти пул” ва  профессор Шариф Раҳимзода дар мавзӯи “Механизми ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Дар музокироту баррасии масъалаҳо доир ба муомилот ва низоми пулӣ муовини ректор Фарҳод Шаропов, омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Кафедраи фаъолияти бонкӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top