Семинар доир ба сифати таҳсилот

Бинанда: 1489 | Санаи нашр: 30 Октябр 2020

30-октябри соли равон дар толори диссертатсиони донишгоҳ бо ташаббуси  шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат семинар-тренинг дар мавзӯи “Таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО” баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи экспертҳои сифати таҳсилот иштирок намуданд.

Дар семинар муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат доктори илми иқтисодӣ, дотсент Шаропов Ф.Р., сардори раёсати рушди стратегӣ ва таъмини сифати таҳсилот, номзади илми педагогӣ, дотсент Мирзоев Р.Р. ва мудири шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат, номзади илми иқтисодӣ, дотсент Машокиров Ҷ.Н. оид ба мақсад, вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадории гурӯҳи экспертҳои сифати таҳсилот ҷиҳати таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва КМРО суханронӣ намуданд.

Ба мақсади муайян намудани маҳорату малакаи педагогӣ, сатҳи фаъолияти касбии омӯзгор, рушди қобилияти эҷодӣ, тарзи истифодаи усулҳои муосири таълим, истифодаи самараноки технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълим тибқи низоми менеҷменти сифат гурӯҳи экспертҳои сифати таҳсилот бояд таҳлил дарсро анҷом диҳанд.

Дар асоси Низомномаи гурӯҳи экспертҳои сифати таҳсилот, самтҳои ихтисос бо гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, варақаҳои таҳлил ва баҳодиҳӣ ба сифати машғулиятҳои омӯзгор аз ҷониби экспертҳои сифати таҳсилот назди шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Дар семинар нотиқон, инчунин, доир ба риояи этикаи касбӣ, тарғиби усули пешқадами дарс, сифати таҳсилот, омодагӣ ба дарс, матни лексия, риояи либосҳои тавсиявӣ, усулҳои фаъоли таълим ва дигар масоили муҳимми мавриди назар ибрози назар карданд.

Шуъбаи рушди стратегӣ ва низоми менеҷменти сифат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top