-->

Баррасии масоили муҳим

08 Октябр 2020
K2_ITEM_AUTHOR 

Рӯзи 8-уми октябри соли равон дар донишоҳ ҷаласаи Шӯрои сарпарастон баргузор гардид, ки дар он Толибов Қ.Қ., муовини ректор оид ба таълиму тарбия, масъулин ва узви Шӯро иштирок намуданд.

Ҷаласаро Қ. Толибов ифтитоҳ намуда, рӯзномаи Шӯроро ба самъи ҳозирин расонд.

Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон Саодат Нуралихонзода оид ба вазъи риояи “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар факултетҳо маълумот доданд.

Сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ Ф. Акрамов дар бораи риояи қатъии чораҳои санитарию эпидемиологӣ, аз ҷумла, риояи гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ, ниқоббандӣ, мавриди истифода қарор додани маҳлулҳои безараргардонӣ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён дар факултетҳо ва хобгоҳи донишгоҳ ба таври муфассал гузориш доданд.

Мудири шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият А. Ҳомидов диққати ҳозиринро ҷиҳати омодагии хобгоҳи донишгоҳ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 ҷалб намуда, аз хусуси шароити зисту зиндагонии донишҷӯён дар хобгоҳ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо суханронӣ карданд.

Дар қисми масъалаҳои ҷорӣ Қ. Толибов оид ба фаъолона ширкат варзидан дар Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пешгирӣ ва паҳн нагардидани бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирус (COVID 19), риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ ва сари вақт бо ниқобҳои муҳофизатӣ ва фосилаи иҷтимоӣ ба дарс ҳозир шудани донишҷӯён ибрози назар карданд.

Дар хотимаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top