Вохӯрии судовар

Бинанда: 1231 | Санаи нашр: 07 Октябр 2020

7-уми октябри соли 2020 дар толорҳои лексионии донишгоҳ намояндагони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гурӯҳ” дар мавзӯи “Татбиқи босамари лоиҳаи “Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиётҳои мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе” бо донишҷӯён вохӯрию суҳбатҳо баргузор намуданд, ки мақсади он ба вуҷуд овардани шароити мусоид, дастгирии иҷтимоии сокинону меҳмонони пойтахт ва иттилоотнок гардонидани донишҷӯён доир ба лоиҳаи “Корти шаҳрӣ”, тарофаи бемаҳдуди “Нимсола” ва “Солона” барои табақаҳои “Хонанда”, “Донишҷӯ” ва “Шаҳрванд” буд. Зимни суҳбат намояндаи ширкат Маҳинбону Шарифӣ зикр намуданд, ки донишҷӯён дар ҳолати пайвастшавӣ ба тарофаҳои мазкур метавонанд харҷи роҳкирои худро як баробар кам намоянд. Донишҷӯён низ ба суолҳои худ аз ҷониби нотиқон посух гирифтанд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top