Тадбири шоиста

Бинанда: 1387 | Санаи нашр: 22 Феврал 2020

Аз 18-ум то 20-уми феврали соли 2020 дар кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ аз рӯи 4-навъи варзиш: турниккашӣ, вазнбардорӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва бандкашӣ дар байни дошишҷӯён мусобиқаи варзишӣ гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа 50 нафар донишҷӯ неруозмоӣ намуданд.

 

Ғолибони мусобиқа аз рӯи навъҳои турниккашию вазнбардорӣ (инфиродӣ) ва ҷаҳидан ба дарозию бандкашӣ (даставӣ) муайян гардиданд ва натиҷаи он чунин аст:

Турниккашӣ

  1. Муҳиддин Қаюмов, курси 1-ум, ихтисоси 960101.
  2. Ҳамид Умронов, курси 2-юм, ихтисоси 230101.
  3. Парвиз Каримов, курси 1-ум, ихтисоси 25010402.
  4. Амриддин Саидов, курси 1-ум, ихтисоси 250112.

Вазнбардорӣ

  1. Муҳаммад Алимуродов, курси 1-ум, ихтисоси 25010407.
  2. Ҳайдар Шоев, курси 1-ум, ихтисоси 250103.
  3. Шаҳром Мирзоев, курси 1-ум, ихтисоси 25010403.

Ҷаҳидан ба дарозӣ

  1. Факултети иқтисодиёт ва менеҷмент
  2. Факултети МИБ ва ҳуқуқ
  3. Факултети тиҷорат ва гумрук

Бандкашӣ

  1. Факултети иқтисодиёт ва менеҷмент
  2. Факултети МИБ ва ҳуқуқ
  3. Факултети молия ва фаъолияти бонкӣ

Натиҷаи ниҳоии дастаҳо дар ҷамъбасти умумии мусоқа чунин аст:

  1. Факултети иқтисодиёт ва менеҷмент
  2. Факултети МИБ ва ҳуқуқ
  3. Факултети молия ва фаъолияти бонкӣ

Пирузмандони мусобиқаи варзишӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top