Рӯзи Артиши миллӣ

Бинанда: 1907 | Санаи нашр: 22 Феврал 2020

Хизмати Модар – Ватанро аз дилу ҷон мекунем,

Ҳар нафас шаъну шукӯҳашро фаровон мекунем.

Баски ӯ моро ба меҳри модарӣ парвардааст,

Дар вафодорӣ барояш аҳду паймон мекунем.

Ҷамъомади тантанавие, ки 21-уми феврали соли равон дар толори асосии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳии сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ, номзади илми филологӣ, дотсент Акрамов Ф. М. оғоз ёфт, ба ҷашни 27-солагии Артиши миллӣ, ки 23-юми феврали соли 1993 дар давраи барои ҷумҳурии азизамон хеле ҳассос ва мушкил таъсис ёфт, бахшида шуд.

 

Акрамов Ф. М. аҳли толорро, ки аз омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ иборат буд, ба Рӯзи Артиши миллӣ – 27-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ самимона табрику шодбош гуфта, ба таври мухтасар дар бораи таъсиси Артиши миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳифзи марзу буми кишвар аз ҳар гуна таҳдидҳои дохиливу берунӣ, шуҷоату далерии сарбозону афсарони Ватан ҳарф зада, ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ ва аз даст надодани ҳушёрию зиракии сиёсӣ даъват намуд.

 

Сипас омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии донишгоҳ Аслам Абдулов дар мавзӯи “Таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба таври муфассал маърӯзаи пурмазмун намуда, аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шуҷоату қаҳрамонии фарзандони баору номуси миллат ёдовар шуда, корнамоиҳои онҳоро барои насли ҷавон намунаи ибрат арзёбӣ кард.

Маърӯзаи мутахассиси шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият Фарида Алимардонова низ, ки хеле пурмазмун буд, диққати аҳли толорро ба худ ҷалб намуд.

 

Дар хотимаи қисми расимии ҷамъомад чун анъана ба як қатор омӯзгорону донишҷӯёни фаъол, ки дар пешрафти таълиму тарбия, соҳаи варзиш ва дигар чорабиниҳои сиёсӣ ва илмию фарҳангӣ натиҷаҳои баландро соҳиб гардиданд, ифтихорнома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотирваӣ супорида шуд.

 

Суруду таронаҳои ба васфи сулҳ, ватандӯстӣ, Артиши миллӣ бахшидашуда, ки аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ дар сатҳи баланд иҷро карда шуд, анҷомбахши чорабинии дар сатҳи баланд гузаронида шуда буд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top