Олимпиада аз фанни экология

Бинанда: 1354 | Санаи нашр: 19 Феврал 2020

19-уми феврали соли 2020 дар факултети тиҷорат  ва гумрук даври дуюми олимпиадаи умумидонишгоҳӣ аз фанни экология баргузор гардид, ки дар он муовини декан оид ба илм, номзади илми иқтисодӣ Лоиқ Бӯриев  ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

 

Олимпиадаи зеҳниро Лоиқ Бӯриев бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, ба иштирокдорони он –донишҷӯёни курсҳои гуногун комёбӣ ва муввафақият орзу кард. Дар олимпиадаи донишгоҳӣ 18 нафар донишҷӯ иштирок намуда, аз байни онҳо донишҷӯёни беҳтарину аълохон пирӯз гардиданд.

Пирӯзмандони даври навбатии олимпиадаи умумидонишгоҳӣ ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top