Ҷаласаи Шӯрои сарпарастон

Бинанда: 1348 | Санаи нашр: 11 Феврал 2020

11-уми феврали соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ бо саъю кӯшиши Раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ ҷаласаи Шӯрои сарпарастони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Акрамов Ф.М., сардори Раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ, раиси Шӯро, Ҳомидов А.Н., мудири шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият ва 32 нафар узви шӯро иштирок намуданд.

Нахуст Акрамов Ф.М доир ба ҳадафу фаъолияти Шӯрои сарпарастон дар факултетҳо, самти корҳои тарбиявӣ ва ташаккули шахсият, рафти корҳои назорати тарбиявӣ оид ба ташаккули шахсият, созмон додани комиссия доир ба тафтиши гурӯҳҳои таълимӣ, иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарсҳои тарбиявӣ, ташкили конференсия ва семинар дар факултетҳо дар масоили терроризму ифротгароӣ ва пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, мавриди барраси қарор додани низомномаҳои  «Донишҷӯи сол» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ» ва дигар масоили муҳими мавриди назар ибрози андеша намуд.

 

Сипас оид ба рафти корҳои тарбияӣ дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент муовини декан оид ба тарбия Қурбонова С., омодагӣ ба таҷлили Рӯзи Модар – 8-уми март ва Наврӯзи байналмилалӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон Нуралихонзода С. суханронӣ намуданд. Нотиқон зикр намуданд, ки тамоми дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, дар самти худшиносию ҳувияти миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷавонон мавриди амал қарор медиҳанд.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият ва шуъбаи иттилот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top