Нақши технологияҳои нав дар иқтисод

Бинанда: 1312 | Санаи нашр: 08 Феврал 2020

8-уми феврали соли 2020 дар кафедраи системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт семинари илмӣ дар мавзӯи “Нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар иқтисод” баргузор гардид.

Нахуст мудири кафедраи мазкур, номзади илми иқтисод М. Қурбонов бо сарсухан ҳамоишро оғоз намуда, сипас дар мавзӯи мавриди назар суханронии пурмазмуну судманд кард.

 

Дар идомаи семинар меҳмонон Хайёми Сарахон ва Умед Раҳимов низ доир ба нақшу аҳаммияти бузургу муҳимми технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар рушди иқтисоди ватанӣ ва мақому мавқеи он дар зиндагии воқеии имрӯза ибрози назар намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top