Баррасии масоили муҳим

Бинанда: 1509 | Санаи нашр: 05 Феврал 2020

4-уми феврали соли 2020 дар донишгоҳ ҷаласаи нахустини ҳайати мутахассисони раёсати илм ва инноватсия ва раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ, доктори илми иқтисодӣ, профессор Фақеров Ҳ. Н. ва муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Қодирова З. Ҳ. иштирок намуданд.

Нахуст Фақеров Ҳ. Н. доир ба ҳадафу вазифаҳои раёсатҳои зикршуда, рушди корҳои илмию тадқиқотӣ, дар сатҳи баланд донистани забонҳои англисию русӣ, таҳияю тадвини дурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар масоили муҳимми мавриди назар ибрози андеша намуд.

 

Сипас Қодирова З. Ҳ. перомуни таҳияи нақшаи корӣ ва низомномаҳои раёсатҳо, тадқиқоту таълифоти илмии омӯзгорон ва рушду тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки ҳайати мутахассисони корозмудаи ниҳоди навтаъсис барои боз ҳам баландтар бардоштани обрӯю нуфузи донишгоҳ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ саъю кӯшиши афзун хоҳанд кард.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top