Таҳлил ва баррасии лоиҳаи нахустин

Бинанда: 1409 | Санаи нашр: 10 Декабр 2019

10-уми декабри соли 2019 дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии аъзои гурӯҳи корӣ дар асоси “Нақшаи чорабиниҳо оид ба тафсири илмии Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ тафсири илмии пешниҳодшудаи олимони донишгоҳ - доктори илми иқтисодӣ, профессор Нозимҷон Нидоев ва доктори илми иқтисодӣ, профессор Раҷаб Раҷабов, ки бобҳои 8-16, 58-154-и зерфасли I, бахши “Барасмиятдарории гумрукӣ”-и Фасли II “Расмиёти гумрукӣ” ва бобҳои 41-48-и Фасли III “Пардохтҳо ва хироҷхои гумрукӣ”-ро дар бар мегирад, аз ҷониби олимону коршиносон ва масъулин мавриди таҳқиқу баррасӣ ва дастгирӣ қарор гирифт.

Таҳлил ва баррасии лоиҳаи нахустини тафсири илмии Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тафсирҳои ироашудаи олимони маъруфи соҳаи гумруки донишгоҳ аз ҷониби ҳайати гурӯҳи корӣ ва олимону коршиносони ҷумҳурӣ то 20-уми декабри соли 2019 идома меёбад.

 Шуъбаи робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top